Сатри равон

Сафари кории Раиси шаҳр ба НавгарзанМатлубахон Амонзода, Раиси шаҳр ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ҷамоати шаҳраки Навгарзан сафарикорӣ анҷом дод.

Раиси шаҳр дар ҷараёни сафараш нахуст ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 омада, аз вазъи таълиму тарбия, шароити кории омӯзгорону таҳсили муҳассилин ошно гашт. Бояд зикр кард, ки мактаби мазкур аз лиҳози тарҳи лоиҳа нодиртарин маҳсуб ёфта, бо тамоми талаботҳои зарурӣ ҳанӯз ним аср қабл бунёд ёфтааст ва албатта, имрӯз ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Ҳайати омӯзгорон дастуру супоришҳои Раиси шаҳрро ҷиҳати мувофиқ ба талаботи рӯз-дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тадриси хонандагон ва ахлоқи ҳамида самимона пазируфтанд.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ дар ин семоҳаи сипаришуда кулли корхонаҳои саноатии шаҳр тавлиди маҳсулотро ба миқдори 222 миллиону 78,5 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нақшаи  дурнаморо 103,4 дарсад  таъмин мекунад. Дар қиёс баҳамин давраи соли 2014 афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 7 миллиону 274,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Чун ҳамешагӣ кори муназзам ва мӯътадили ҶДММ "Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин", КМ ТКММ "Апрелевка", ҶДММ "Чархи гардун" ва ҶДММ "Хубон" ба мушоҳида расида, дар самти рушди истеҳсолӣ мақоми пешравро ноил шуданд.

Аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҷлил гардида истодааст. Ба ин муносибат дар Кохи Истиқлол таҳти «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…» чорабинӣ доир шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулрабо Эшматова, директори китобхонаи марказонидашуда Бибиомина Мирзоева, муовини раиси бахши суғдии ИН Тоҷикистон Муҳаммад Субҳон, шоир Камоли Рӯмонӣ роҷеъ ба ҷавҳари ташаккулдиҳандаи руҳи инсон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа – китоб ва бештар рӯ овардани кӯдакону наврасон ба ин дӯсти беғараз баромадҳои ҷолиб намуданд. Иҷрои таронаҳои ҷаззоб, рақсҳои дилангез ва шеърҳо дар боби китобу маърифат аз ҷониби ғунчаҳои санъати дабистонҳои маркази шаҳр басо руҳнавозу дилписанд танинандоз гардида, мақбули ҳозирин гашт.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:935
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9142
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31833
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287219

Мо дар Фейсбук