Сатри равон

Адибони ваҳдатсароНеруи фавқулода ва ҷовидонии фарҳанги миллии мо дар он хулоса мешавад, ки тавонистааст низоъҳои ақидагӣ ва сиёсиро, ки дар тӯли идомати таърихи пурошӯби миллати тоҷик вуҷуд дошт, бо пайдо кардани солимтарин, муносибтарин ва инсонитарин равишҳо ва шеваҳо ба кор гирифтани арзишҳои олии башарӣ ҳаллу фасл намояд.

Ҳайфу дареғ аст, агар касе ин нақдро раҳо кунад ва дигарбора аз сафҳаҳои моҷароии таърих баҳонаҳои хусумат, низоъ, парокандагӣ ва душманӣ, худинкоркунӣ ва адовати миллию фаромиллио ҷустуҷу намояд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз зумраи санаҳои бузургест, ки дар таърихи навини кишвари тоҷикон нақши муҳиме дорад. Ваҳдат гавҳари гаронарзишест, ки он бо заҳмату машаққати зиёд таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Мавзӯи рӯз дар машварати назди Раиси шаҳрДар машварати назди Раиси шаҳр сармутахассиси бахши умумии назорат ва муроҷиати шаҳрвандон Шарифа Отаҷонова оид ба «Қарорҳои назоратӣ ва муроҷиати шаҳрвандон» маълумот дода, зикр дошт, ки аз оғози сол то ба ин давра аз мақомотҳои ҷумҳуриявӣ 41 мактуб, аз сохторҳои вилоятӣ 113, 8 адад нусхаи қарорҳои Ҳукумати ҶТ, 44 қарорҳои Раиси вилоят ворид гардида, 108 қарорҳои Раиси шаҳр ба тасвиб расид, ки аз онҳо 22-тояш таҳти назорат қарор дорад.

336 аризаҳои шаҳрвандон ворид гардидааст. Моҳияти аризаҳо асосан оид ба ҷудо кардани қитъаи замин, кӯмаки моддӣ, масоили манзил, иҷозат барои сохтмони ҷузъиро фарогир мебошанд.

«Ҳисори зарнисор»Бо ҳамин унвон композитсияи адабӣ-бадеӣ дар гимназияи №1 ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори Шодмон доир гардид.

Намоиши навори «Таърихи Ҳисор» оғозбахши чорабинӣ буд. Қироати шеър, намоиши либосҳои арӯсӣ, иҷрои суруду таронаҳо дар иҷрои хонандагон, ки ифодагари анъанаҳои миллии мардуми Ҳисор буданд, басо ҷозибу хотирмон пешкаш карда шуд. Раиси Кумитаи  иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода, мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров ва директори гимназия Сурайё Гадоева зимни баромади хеш роҷеъ ба таърихи қадима, маҷмааи қалъаи Ҳисор, ки ёдгориҳои таърихиву нишоне аз куҳанбунёдии ӯст ҳарф заданд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:942
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9149
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31840
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287226

Мо дар Фейсбук