Сатри равон

Дар заминҳои шафати идораи ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода маъракаи ниҳолшинонӣ ба вуқўъ пайваст.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти корхона Раиси шаҳр роҷеъ ба масоили фаъолияти бомароми он, пардохти андозу музди маош, ободонии муҳити корхона, чароғонкунӣ дастуру супоришҳо дода, дар ниҳолшинонҳо иштирок намуд.

Ба иттилои директори ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» Абдуҷалил Юсуфов моҳипарварони гулистонӣ азм доранд, дар соҳили «Баҳри тоҷик» дар майдони 1,5 гектар боғ бунёд кунанд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ он рўз 200 бех ниҳоли зардолу ва 210 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳр мулоқоти ректорони таълимгоҳҳои олии вилоят бо омўзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид. Молоқотро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба касбинтихобкунӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон сухан ронд.

Сипас ректорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров А.Мақсудӣ, ДДБҲСТ Ҷ.Ҷўразода, ДИСДТТ О. Латифзода, ДПДТТ ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ Д. Раббизода, ДКМТ М. Фозилзода баромад карда, дар бораи фаъолияти таълимгоҳҳои худ иттилоот доданд.

Санаи 3-юми феврал дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр сурат гирифт, ки дар ин вохўрӣ мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таъкид намуд, ки масъалаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва саривақт ҷавоб додан ба онҳо имрўз дар мадди назари Ҳукумат ва Сарвари кишвар буда, аз мо масъулин тақозо менамояд, ки ба ин масъала аҳамияти ҳарчи бештар диҳем.

Дар ҷараёни қабули Раиси шаҳр ҳаҷдаҳ нафар шаҳрванди шаҳраки Сирдарё муроҷиат намуда, проблема ва мушкилоти хешро арз доштанд, ки аз ҷониби мудирони бахшҳо, корхонаҳои марбута ва шахсони масъул мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:299
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1123
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5199
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:5006
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18646
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:18845
mod_vvisit_counterҲамагӣ:252083

Мо дар Фейсбук