Сатри равон

Дар толори Кохи варзишии «Истиқлол»-и маркази шаҳр бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи волейбол байни 6 дастаи бонувони корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр баргузор гардид. Мусобиқа бо ҷамъи зиёди мухлисон ва муборизаи шадиди байни дастаҳо хеле хотирмону шавқовар ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҷамъбасти ниҳоӣ дастаи волейболбозони МТМУ № 14 ҷойи аввал, дастаи яккачини Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷойи дуюм ва дастаи бонувони Беморхонаи марказӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дастаи яккачини волейболбозони бахши фарҳанг сазовори ҷоизаи «Дастаи фаъол» гардид. Ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳо ва дипломҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи 8-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид. Иҷлосия бо иҷрои Суруди Миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода вакилон ва даъватшудагонро бо регламенти иҷлосия ва рӯзномаи он шинос намуд. Пас аз интихоби котиботи иҷлосия роҷеъ ба масъалаи асосии иҷлосия «Дар бораи татбиқи Барномаи милллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайратҷон Оқилов маърӯза кард. Дар маъруза зикр гардид, ки тибқи Барномаи миллӣ ва қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд қарори дахлдори Раиси шаҳри Гулистон аз 27 январи соли 2011 ба тасвиб расида, дар он Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва нақшаи чорабинҳо иборат аз 46 банд таҳия ва қабул гардидааст.

Баҳри амалӣ гардонидани Барномаи мазкур дар шаҳр Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим иборат аз 6 воҳиди корӣ фаъолияти худро пурсамар ба роҳ мондааст. Аз соли 2011 то инҷониб аз буҷети маҳаллӣ 15,9 ҳазор сомонӣ барои таҷҳизонидан ва таъмири ҳуҷраҳои Марказ ҷудо шудааст. Аз тарафи Марказ дар ин давра барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, тарғиби доимии ташаккули тарзи ҳаёти солим беш аз 11784 суҳбатҳо, 239 лексияҳо, 223 дарсҳои семинарӣ, 60 вохӯриву мулоқотҳо, 3 маротиба мизи мудаввар, 3 маротиба аксия ва дӯкони саломатӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои Барнома Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсозии ташаккули тарзи ҳаёти солим таъсис ёфта, ҷаласаҳои Шӯро 2 маротиба дар як сол гузаронида, қарорҳои дахлдор қабул мешаванд.

Дар толори асосии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28 октябри соли равон Конференсияи байналхалқӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсия иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси вилоят баргузории ин ҳамоиши илмии байналмилалиро аз тадбирҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад гашт, арзёбӣ намуд.

Дар конференсияи мазкур олимону донишмандони шинохта, камолшиносони шаҳир аз кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, ӯзбекистон, Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:263
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:546
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3719
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:4004
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13633
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:14993
mod_vvisit_counterҲамагӣ:228225

Мо дар Фейсбук