Сатри равон

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ Санавбар Нуриллоеваро аёдат карда, бо Рӯзи қабули Конститутсия таҳният намуд ва барои собиқадор дастовези идона супорид.

Бо супориши Раиси шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳо ба ифтихори Рӯзи Конститутсия беш аз 80 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, чернобилчиён, оилаҳои бесаробонмонда, ятимони ашхоси имконияташон маҳдуд ва ниёзмандро аёдат карда ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд. Дар маҷмӯъ ба маблағи 10,4 ҳазор сомонӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсия шахсони ниёзманд аёдат карда шуданд.

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» бахшида ба 22-юмин солгарди  Рӯзи қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасаи тантанавӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода гулистониёнро бо ин рӯзи саиду фархунда муборакбод намуда, зикр кард, ки бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳ ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Гулистониёни азиз!

Бисту ду сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил мекунем.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳҳ ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:260
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:546
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:4004
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:13630
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:14993
mod_vvisit_counterҲамагӣ:228222

Мо дар Фейсбук