Сатри равон

Нерўгоҳи барқи обии «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Гулистон барои фаъолияти самарабахшу бенуқсон ва ноил шудан ба нишондиҳандаи беҳтарини истеҳсолӣ, ба муносибати 80-солагии энергетикаи тоҷик ҳамчун нерўгоҳи барқистеҳсолкунандаи беҳтарини Департаменти «Нерўгоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2016 дониста шуда, соҳиби Ифтихорнома гардид.

«Соҳил» ҷомеаи меҳнатии НБО «Дўстии халқҳо»-ро бо ин ғолибият таҳният намуда, барои барқчиён музаффариятҳои тоза ба тоза таманно дорад!

АДРАСМОН. Варзиш гарави саломатӣ буда, ҳар нафаре, ки ба тарбияи бадан машғул мешавад, ҳам ҷисман ва рўҳан солим мебошад.

Бо дарназардошти аҳамияти варзиш барои наврасону ҷавонон тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба қарибӣ дар кўчаи Темурмалики шаҳраки Адрасмон майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли қаблӣ бо нархҳои амалкунанда 142,3 фоизро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда аз нақша ба маблағи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2016-ум аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 282,0% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:303
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1123
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5203
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:5006
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18650
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:18845
mod_vvisit_counterҲамагӣ:252087

Мо дар Фейсбук