Сатри равон
(10 овоз, миёна 3.70 аз 5)

Сатториён Матлубахон Амонзода

Сатториён Матлубахон Амонзода 19 сентябри соли 1972 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дида бар олами ҳастӣ бикшодааст.

Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров мебошад.

Аз соли 1993 то соли 1994 коргузори кафедраи забони тоҷикӣ ва танзимгари факултаи филологияи ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров буд.

Солҳои 1994-2005 ба ҳайси муаллима ва сармуаллимаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи номбурда кор кардааст.

Минбаъд идомаи фаъолиятро дар вазифаҳои ҷонишини декан, сармутахассиси шӯъбаи илм ва дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ идома медиҳад.

Солҳои 2008-2011 бошад, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буд.

Аз соли 2011 то соли 2014 дар вазифаи раиси шаҳри Истиқлол фаъолият дошт.

2 декабри соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси шаҳри Қайроққум таъйин гардид.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон, номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:942
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9149
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31840
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287226

Мо дар Фейсбук