Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гулистониёни азиз!

Рўзи 23-юми феврал ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту чор сол пур мешавад. Ин рўйдод дар таърихи халки тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Артиши Миллӣ ҳамчун нерўи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти далват ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувваи боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, қўшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ бо таҷҳизот, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин намудани онҳо, инчунин таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ дар муддати хеле кўтоҳ сурат гирифт. Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми понздаҳ соли гузашта бори сангини масъулияти эҳё намудани Артиши Миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд. Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз вазъи мураккаби ҳарбию сиёсӣ, ба ҳалли мушкилоти сохтори ташкиливу низомӣ, таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии сарбозон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қабили қўшунҳои хушкигард, қўшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

Аз оғози таъсисёбӣ то имрўз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст. Дар муддати 24 соли гузашта ба дўши хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сохторҳои низомии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва давлат, дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз уҳдаи иҷрои ин қарзи шаҳрвандии худ сарбаландона баромада тавонистанд.

Алҳол даҳҳо нафар ҷавонписарони гулистонӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ даҳҳо нафар ҷавонписарони баору номус аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рўҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд. Ҳамчунин кумитаи волидайн бо аскарбачаҳои гулистонӣ ҳамеша робита дошта, корҳои ҳарбию ватандўстиро пеш мебарад.

Бояд зикр намуд, ки дар марзи шаҳри Гулистон қисмҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, қисмҳои Вазорати мудофиа ва ҳолатҳои фавқуллода ҷойгир ҳастанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, вазъи иҷтимии онҳо огаҳӣ дошта, онҳоро ҳамеша дастгирӣ мекунад. Ин равандро дар оянда низ мо тақвият дода, баҳри ҳарчи бештар фароҳам овардани имконият ва шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ меандешем.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ бо таваҷҷуҳ ба мураккаб боқӣ мондани вазъияти ҷаҳони имрўза ва афзоиши сатҳи хатарҳои гуногун ба амнияти давлатҳои миллӣ, ба масъалаҳои таъмини суботу амният ва мубориза бо терроризму экстремизм диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки ҳифзи амнияти давлату миллат масъалаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Мардуми бошарафи Гулистон, собиқадорони ҷангу Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, аскарон ва афсарони қисмҳои ҳарбиро ба ифтихори Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям. Ба ҳамагон тансиҳатӣ, хизмати фидокорона, садоқати ватандўстона, сулҳу амнияту осоиш ва комёбиву пирўзиҳо таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:936
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9143
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31834
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287220

Мо дар Фейсбук