Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаи саноати шаҳр дар соли 2016 ва бастани уҳдадориҳои истеҳсолӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар машварат мудирон, сарварони шуъбаву бахшҳои МИҲД, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, сохторҳои дахлдор, мақомоти андоз ва раёсати молия ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода машваратро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки даромади асосии аҳолии шаҳр аз ҳисоби машғул гардидан дар соҳаҳои саноат, соҳибкорӣ, пардохти нафақапулӣ ва интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 142,3 фоизро ташкил дод ва ин нишондиҳанда ба маблағғи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Афзоиши саҳми саноатчиёни шаҳри Гулистон дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ҷолиби таваҷҷуҳи махсус буда, он дар заминаи таъсиси корхонаҳои нави хурду бузург ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳа ба даст омадааст. Дар ин радиф рушди корхонаи муштараки «Ширкати кўҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой», КМ «Апрелевка» ва дигар соҳибкорони хурду миёна мақоми махсусро дорад.

Мудири бахши саноат ва энгергетика Фазлиддин Орифзода роҷеъ ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар соли 2016-ум гузориши муфассал манзур кард. Бо амри Раиси шаҳр корхонаҳо ва коргарони пешоҳанги соҳаи саноат бо сипоснома ва туҳфаҳои Раиси шаҳр сарфарозонида шуданд. Дар қисмати дувуми машварат бо роҳбарони корхонаҳо шартномаҳои уҳдадориҳои истеҳсолӣ барои соли 2017 баста шуд.

Дар машварат муовини директори Ширкати саноати кўҳии Тоҷикистону Хитой Зариф Зафаров, директори генералии корхонаи муштараки «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов ва директории ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» Муталиб Абдуллоев ибрози андеша намуданд.

Дар интиҳо Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода доир ба истифодаи оқилонаи захираву имкониятҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру шаҳракҳо ва монанди ин дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр пешсафии худро дар маҷмўи ташаккули маҷмўи маҳсулоти саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ бояд дар соли равон беш аз пеш тақвият ва густариш диҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:936
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9143
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31834
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287220

Мо дар Фейсбук