Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҳити раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Шўрои ҷамъиятӣ Матлубахон Амонзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи Шўро баргузор гардид. Роҷеъ ба фаъолияти Шўро котиби Шўрои ҷамъиятӣ И. Мадализода дар соли равон ҳисобот манзур намуд.

Дар маърўза доир ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бурду бохти онҳо дар соли ҳисобтӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Дар музокира К. Қосимова – раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, М. Файзуллоев – раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баромад карданд. Раиси Шўрои ҷамъияти шаҳр Матлубахон Амонзода дар суханронии худ доир ба суботи сиёсӣ дар кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва ғояи миллӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки вазифаҳои дар соли нав истода аз ҳар як аъзои Шўро масъулияти дучанд тақозо дорад. Имрўз ҳар як аҳзоби сиёсӣ ва ё ташкилоту ҷамъият, ки озодона дар чаҳорчўбаи қонунҳои амалкунанда фаъолият дорад, худро чун яке аз омилҳои пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, қадру манзалати Тоҷикистонро азиз шуморида, бояд ба ҳамаи дастовардҳо ҳамеша эҳтиром гузошта, таҳкими ваҳдати миллиро рисолати худ донад. Раиси Шўро, ҳамзамон доир ба вазифаҳои дигари аъзои Шўро мушаххас таъкид намуд.

Дар охир аъзои Шўрои ҷамъиятӣ қарор ва нақшаи кориро барои соли 2017 тасдиқ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:942
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9149
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31840
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287226

Мо дар Фейсбук