Сатри равон

Сохтори МИҲД

Сохтори МИҲД

Муовини аввали Раиси шаҳр  роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳр дар ӯҳда дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсияи шаҳрро, аз ҷумла коргоҳҳои саноати мудофиавӣ ва сохтмони саноатиро ба роҳ мемонад. Масъалаҳои соҳаи рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техникӣ, омори давлатӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва фаъолияти зидди инҳисориро дар қаламрави шаҳр амалӣ менамояд.

Муовини Раиси шаҳр роҳбарии умумиро ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, фарҳанг, санъат, дастгирии занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар ӯҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муасисаю ташкилотҳои соҳа ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатии марбути соҳаро дар қаламрави шаҳр ба амал мебарорад.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, таъминоти моддию техникӣ, ва иттиолоотию таҳлилии фаъолияти Раиси шаҳр роҳбарии умумиро ба роҳ мемонад

Дар сурати ҳозир набудани Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба зиммаи мудири шӯъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта мешавад.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:942
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9149
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31840
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287226

Мо дар Фейсбук