Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мактаби варзиши бачагону наврасони шаҳри Қайроққум соли 1960 сол таъсис ёфта сарвараш Зайкин Виктор Михайлович (1960-1980), Қузиев Тоҷибой Қузиевич (1980-1985), Медведов Владимир Шамсович (1985-1986), Акрамов Ином (2000-2004), Мукарамов Акмал (2004-2005), Раҳимхӯҷаев Қурбонхӯҷа (2005-2006), Тӯйчиев Султонхон (2006-2008), Аминов Абдуқодир (2008), Ниязов Эркин (2008-2009), Муҳитдинов Ином (2009-2012), Қаюмов Темурхон (то ҳол) фаъолият бурдаанд. Дар мактаби варзишӣ 54 гурӯҳҳои таълимӣ, ки 8 шӯъбаҳоро дар бар мегирад: баскетбол, бокс, волейбол, варзиши сабук, гуштини тарзи Юнони–Руми, каратэ-до, тенниси рӯи миз ва футбол фаъолият мекунанд.

Дар онҳо 572 нафар варзишгарон таълим мегиранд ки, аз онҳо 92 нафарашон духтарон мебошад.

Ҳамагӣ 20 нафар мураббиён дар мактаби варзишӣ фаъолият доранд ки, аз онҳо 7 нафар мурабби маълумоташон Олӣ, 10 нафар мурабби маълумоташон миёнаи махсус, 3 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси нопурра.

Дар Кохи варзишии Истиқлол аз рӯи 4 намуди варзишӣ: баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз ва каратэ-до дар як рӯз зиёда аз 150 нафар ҷавонон ва духтарон машқ менамоянд.

Ҳамасола варзишгарони шаҳри Қайроққум дар мусобиқаҳои гуногунсатҳ иштирок меварзанд. Қайд кардан зарур аст, ки аз шумораи умумии варзишгарон 3 нафар финалист ва ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон, 3 нафар медалистони Ҷоми ҷаҳон ва 3 нафар чемпионҳои Осиёи марказӣ оид ба каратэ-до ҳасатнд. Инчунин 13 нафар чемпионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, май-тай, каратэ-до, каратэ киёкшинкай ва варзиши сабук ҳастанд, ки онҳо ҳамарӯза дар толорҳои варзишии шаҳр машқ мекунанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:940
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9147
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31838
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287224

Мо дар Фейсбук