Сатри равон

Муҳтарам гулистониён!

Боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз ба сарзамини соҳибистиқлоли мо қадами ҳаётофарини худро мегузорад. Ба ин муносибат ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо кулли сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистонро бо самимияти хоса таҳният гуфта, барои ҳамагон офиятмандиву тандурустӣ, саодатмандиву сарсабзӣ, сулҳу амонӣ ва баракату файзи наврӯзиро орзу менамоям.

Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯс-ти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ аз аҳди Ҷамшед истиқбол менамуд ва ин иди бузургтарини миллӣ бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардид. Ҷашни Наврӯз, махсусан, дар аҳди Сомониён чун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд ёфт.

Панҷшанбеи сеюми моҳи равон таҳти ин унвон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар беш аз 42 корхонаву Ҷамоати шаҳракҳо, муассисаву идораҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар баргузории ин чорабинии сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳабибулло Тоатов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Рустамҷон Юлдошев, устоди Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров тарғиботчиёни маҳаллӣ, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, доир ба иди асосии миллии мо – Наврӯзи байналмилал суханронӣ карданд. Тазаккур дода шуд, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми коргоҳу ташкилот қабл аз 21-уми март бо шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар яке аз таълиимгоҳҳои бонуфузи шаҳр гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ баргузор гардид.

Овози гӯшнавозӣ карнай аз оғози чорабинӣ дарак дод. Меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр, шуъбаи маорифу фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ нахуст аз суманакпазиву нонҳои танӯрӣ ва баъдан хонҳои наврӯзии хонандагон дидан намуданд. Дар пайравии таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар гимназия баҳри эҳёи чандин анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои халқӣ намунаи корҳои хонандагон, аз ҷумла бофандагӣ, гулдӯзӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои баҳорӣ ва бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:940
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9147
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9731
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31838
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:21949
mod_vvisit_counterҲамагӣ:287224

Мо дар Фейсбук