Сатри равон
(1 голос, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҳти раёсати Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳр тазаккур дод, ки ҳарчанд аз ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» даҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳанўз дар татбиқи он баъзе нуқсонҳо ба назар расида, аз ҳар як фаъоли ҷомеа тақозо мешавад, ки ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани бандҳои он корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро тақвият бахшанд.

Зеро масъалаи танзими анъанаву маросим аз масоили муҳими ҷомеа буда, он бевосита ба сатҳи зиндагии мардум марбут аст. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи қонун махсус таъкид гардид.

Недоступен ни однин перевод.

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода, дар Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Дар толори КАТС бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷамъомади судманд баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, менеҷери сохтори госпиталӣ Гулсанам Сармусоқова, сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намуд.

Посетители


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterСегодня:260
mod_vvisit_counterВчера:546
mod_vvisit_counterНа этой неделе:3716
mod_vvisit_counterНа пред. неделе:4004
mod_vvisit_counterВ этом месяце:13630
mod_vvisit_counterВ пред.месяце:14993
mod_vvisit_counterИтотго:228222

Мы на Фейсбуке